Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Конфронс ва форуми байналмиллалӣ
Конфронс ва форуми байналмиллалӣ
   15 МАЙ 2017    |         1271    |         12
A+ A-

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон дар мавзӯи «РУШДИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲО - АСОСИ ТАЪМИНИ ГУЗАРИШ АЗ МИНТАҚАҲОИ АГРАРӢ-САНОАТӢ БА САНОАТӢ-АГРАРӢ» ва дар доираи конференсия 3-юмин Форуми илмии байналмилалии  «ҶАВОНОН-НЕРӮИ ЗЕҲНИИ РУШДИ КИШВАР»-ро барпо менамояд.

Олимон, муҳаққиқон, магистрантон, донишҷӯёни МТОК ва дигар шахсоне, ки майли иштирок дар кори конференсияро доранд, эҳтиромона хоҳишмандем, ки то 25 майи соли 2017 мақолаҳои илмии худро дар ҳаҷмиаз 2 то 7 саҳифа ба суроғаи электронӣ E-mail: ilm_dtmik@mail.ru  ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Кӯлоб, кӯчаи Борбад ирсол намоянд.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

МАВЗӮЪҲОИ МЕҲВАРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗӮИ «РУШДИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲО-АСОСИ ТАЪМИНИ ГУЗАРИШ АЗ МИНТАҚАҲОИ АГРАРӢ-САНОАТӢ БА САНОАТӢ-АГРАРӢ»

  1. 1. Ҷанбаҳои педагогии тайёр намудани мутахассисони замони нав аз лиҳози тайёр будан ба татбиқи технологияҳои навин;
  2. 2. Нақши фанҳои гуманитарӣ дар рушди илм ва инноватсия дар шароити гузариш аз минтақаҳои  аграрӣ – саноатӣ  ба саноатӣ – аграрӣ;
  3. 3.Моҳияти иқтисодии рушди илм, инноватсия ва технологияҳо дар шароити гузариш аз минтақаҳои  аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ;
  4. 4. Технологияҳои илмиасос дар техника ва саноат;
  5. 5. Технологияҳои инноватсионӣ дар саноати хӯрокворӣ, биотехнология ва идораи сифати маҳсулот;
  6. 6. Технологияҳои инноватсионӣ дар саноати сабук ва дизайн;
  7. 7. Нақши фанҳои илмӣ – табиӣ, техникаи компютерӣ ва технологияҳо дар рушди илм ва инноватсия.

 

МАВЗӮЪҲОИ МЕҲВАРИИ СЕЮМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ ҶАВОНОН «ҶАВОНОН – НЕРӮИ ЗЕҲНИИ РУШДИ КИШВАР»

  1. 1. Лоиҳаҳои инноватсионии ҷавонон оид ба рушди илму техника: ояндабинии тараққиёти минтақаҳои кишвар аз лиҳози гузариш аз минтақаҳои аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ (бо истифода аз барномаҳои мултимедиавӣ, 3D ва вертуалӣ);
  2. 2. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионии ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни хориҷи кишвар;
  3. 3. Модели рушди инноватсионии минтақаҳои Тоҷикистон  дар шароити гузариш аз минтақаҳои аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ;
  4. 4.  Модели рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  5. 5.  Модели рушди истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                                      

ТАЛАБОТИ УМУМӢ БАРОИ МАҚОЛАҲОИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА

  1. 1. Маводи чопшавандаро дар ҳаҷми аз ду то ҳафт саҳифаи пурра (дар қоғази сафеди андозааш А4 (210х297) бо ҳошияҳои боло, поён, чап ва рост андозааш-20 мм ҷойгир кардан лозим аст. Маводи гузоришро бо истифода аз таҳриргари Win Word-2010  бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи 14 таҳия кардан лозим аст)
  2. 2. Мавод бояд ҷавобгӯи чунин талабот бошад: номи мақола, ному насаби муаллиф, номи ташкилот ва шаҳру давлатҳо. Номи мақола бояд бо ҳарфҳои калони (сиёҳкардашуда) чоп шуда,сатҳи ҳошияи боло нигоҳ дошта шавад. Гузаронидани қисми калима ба сатри нав манъ аст. Номи мақоларо дар марказ ҷой додан лозим аст. Ҷои як сатрро холӣ гузошта бо ҳарфҳои калон ному насаби муаллифро (бо ҳарфҳои сиёҳкардашуда) сабт намуда, дар қавсҳои нимдавра бо курсив номи ташкилот, шаҳр ва давлатҳоро бо вергул ҷудо намуда, дар марказ ҷойгир кардан лозим аст. Баъд аз он матни асосӣ бо 1,5 фосилаи байнисатрӣ оварда мешавад.
  3. 3. Расмҳо, тасвирҳо, диаграмма ва нақшаҳоро бо формати *bmp, *gif,  *jpg,  *dwg андозаи на камтар аз 60х60мм, бо объектҳои (мавод) дохил карда, дар рафти ҷойгиршавии мавод ҷо ба ҷо кардан лозим аст. Ҷадвалҳо бояд ном дошта бошанд. Дар объекти (мавод) ҷойгиркардашуда дар зери ҳар як расм ё дар болои ҷадвал рақам ва номҳои он сабт карда мешавад.  Ҳар расм ё ҷадвал  аз боло ё поён аз матн бояд бо 1 фосилаи байнисатрӣ ҷудо карда шавад.
  4. 4. Формулаҳо бо курсив навишта шуда, бояд аз матни асосӣ як фосила дошта бошанд ва дар марказ ҷой дода шуда, рақамгузорӣ карда шаванд (дар ҳолати овардани иқтибос аз матн). Рақамҳо дар қавсҳои нимдавра оварда шуда, бо сарҳади аввали ҳошия баробар карда шаванд. Таҳриргари формулаҳо Microsoft Equation аст. Намуди формулаҳо барои Microsoft Equation: Full-12-pt Subscript/Superscript-10 pt. Sub- Subscript /Superscript-8 pt, Symbol -12 pt, Sub-Symbol-10 pt.
  5. 5. Матни гузориш, расм ва тарғибномаро дар диски CD-RW сабт намуда, дар зери он: ному насаби муаллифон ва номи мақолаҳоро овардан зарур аст.
  6. 6. Файлҳо бояд вирус надошта бошанд.
  7. 7. Маводҳое, ки ба талаботи умумӣ ҷавобгӯ ва ба мавзӯи конференсия мувофиқ нестанд ё аз муҳлати муқарраршуда дер расидаанд, қабул карда намешаванд.

 

Суроға: шаҳри Кулоб, кӯч. Борбад
E-mail: ilm_dtmik@mail.ru,
тел: (+992-83322) 2-13-57,(+992) 918-55-45-48