Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Конференсияи «Об барои рушди устувор»
Конференсияи «Об барои рушди устувор»
   04 ЯНВАР 2017    |         1783    |         12
A+ A-

Роҳбарияти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид бо мақсади татбиқи амалии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» рӯзи 4-уми январи соли 2017 конференсияи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» гузаронид.

Кумитаи тадорукоти конференсия таъсис дода шуда буд ва ба он намояндагони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб шомил гардиданд. Ба конференсияи илмию-амалӣ маърӯзаҳои олимони донишкада пешниҳод гардиданд.

Тибқи барномаи конференсия рӯзи 04.11.2017 ҷаласаи умумӣ (пленарӣ) баргузор гардид ва дар он 4 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуд. Мувофиқи барнома маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия шунида ва муҳокима гардиданд.