Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДТМИК ВА ИМКОНИЯТҲОИ БА КОР ТАЪМИНКУНИИ ОНҲО
МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДТМИК ВА ИМКОНИЯТҲОИ БА КОР ТАЪМИНКУНИИ ОНҲО
   19 МАЙ 2022    |         47    |         12
A+ A-
Дар доираи иҷрои нақша - чорабиниҳои Донишкада ҷиҳати ба кор таъмин намудани хатмкунандагон чорабинии "Муаррифии дастовардҳои хатмкунандагони ДТМИК ва имкониятҳои ба кор таъминкунии онҳо" санаи 18.05.2022 бо иштироки намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Раҳмоналӣ, роҳбарон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Саравал меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои хатмкунандагон дидан намуданд. Сипас мувофиқи барнома чорабинро н.и.т., дотсент Шоев А.Н. ифтитоҳ бахшида ба мақсаду мароми чорабинро шарҳ дода меҳмононро бо хатмкунандагон муаррифи намуда дар баромади хеш қайд доштанд, ки ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони Донишкада вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти Донишкада ба ҳисоб рафта тамоми имконият ва талоши херо ба он равона менамоем, ки то ҳар як хатмкунандагони Донишкадро ба ҷойи кори доими дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ таъмин намоем.
Намояндагоне, ки аз ташкилотҳои молиявӣ, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ, Суд иштирок намуда ибрози андеша намуда суҳбати озод ва саволу ҷавоб бо хатмкунандагон доир намуданд.
Мувофиқи барнома сардори раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т. Қурбонов Б. оид ба самара ва таъсиси филиалҳои кафедраҳои Донишкада суханрони намуданд.
Хатмкунандагони Донишкада ба сухан баромада муаррифномаи хешро пешниҳод намуда саволу ҷавоб доир карда шуда дар ин рӯз ба ҷойи кор таъмин гардиданд.