Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

МО БА ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР ОМОДАЕМ!
МО БА ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР ОМОДАЕМ!
   16 МАЙ 2022    |         133    |         12
A+ A-
Санаи 06.05.2022 дар Донишкада вохўрии хатмкунандагон бо директор Донишкада номзади илмњои техникӣ, дотсент Шоев А. Н. комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.Вохӯриро директори Донишкада оғоз бахшида дар баромади хеш қайд доштанд, ки барои насли наврас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаёт ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо љавонписарон шуҷоату мардонагӣ омeхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дўст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи виҷдонӣ ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер мебошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанд аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад.
Тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.
Ман ҳамчун падар ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам.
Сипас комиссари ҳарбии шаҳри Кўлоб оид ба шароит ва имкониятҳои хизмат ёдовар гаштанд. Дар доираи чунин як вохўрии судманд 40 - нафар хатмкунандагон бо хоҳиши худ ариза навишта ба сафи хизмати модару ватан раҳсипор шуданд.
Суратгузориш аз рафти гусели наваскарон ба хизмати Модар Ватан.