Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Футболи хурд дар Донишкада
Футболи хурд дар Донишкада
   10 МАРТ 2021    |         41    |         12
A+ A-

Дар байни факултетҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 8 - 13 феврали соли 2021 "Футболи хурд" ташкил ва баргузор карда шуд. Дар натиҷаи сабқатҳо дастаи "Факултаи муҳандисӣ-технологӣ" ҷойи 1-ум, дастаи "Факултаи муҳандисӣ-энергетикӣ" ҷойи 2-юм ва дастаи "Факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ" ҷойи 3-юмро соҳиб гардиданд. Ғолибон дар рӯзи таҷлили ҷашн бо ифтихорнома ва Ҷоми мусобиқа мукофотонида шуданд. Аксҳо аз рафти ҷамъбаст.