Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб маҷаллаи илмӣ бо номи "Илм ва технологияи асри XXl" ташкил шуд. Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аз рӯи се самт: илмҳои педагогӣ, илмҳои техникӣ ва илмҳои иқтисодӣ қабул ва ба чоп тавсия мегарданд. Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Нашри шумораи якуми маҷалла дар моҳи октябри соли 2020 банақша гирифта шудааст. Хоҳишмандон марҳамат! Сӯроға маҳ. Борбад, шаҳри Кӯлоб, E-mail: ilm_dtmik@mail.ru