Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Нишонаҳои бемории Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он.
Нишонаҳои бемории Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он.
   05 АПРЕЛ 2020    |         555    |         12
A+ A-

Нишонаҳои бемории Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он. Бемории коронавируси нав ё ин ки (COVID–19) ҳозир тамоми аҳолии дунёро ба ташвиш овардааст. Ёдовар мешавем, ки бемори дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта –2019 дар провинсия Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин сар зада буд. Айни ҳол олимон бар зидди бемории коронавирус ваксина омода намуда истодаанд.

Ба гуруҳи коронавирусҳо зиёда аз 40 намуди вирусҳо дохил мешаванд, ки барангезандаи бемориҳо дар байни одамону ҳайвонҳо ба шумор мераванд. Паҳншавии ин бемориро, ки барангезандааш коронавирусҳо мебошанд якумин маротиба соли 1965 кашф карданд ва бемори баъдтар солҳои 2002 дар Чин, Тайван, Ветнам, Канада, ИМА ва 2012 дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт бемори аз шутурҳои бемор ба одамон гузашта буд, вале чунин босуръат паҳншави ва талафоти зиёди одамон дида намешуд.

Коронавируси нав (COVID–19) ба ҳамон гуруҳи бемориҳо дохил аст, вале он шакли мутатсия (тағирёфта) шудаи ҳамон гуруҳ мебошад. Коронавирус аз калимаи лотинии корона гирифта шуда маънояш тоҷдор мебошад. Вирус дорои РНК мебошад. Коронавирусҳо бемории шадидро дар байни одамон, чорвои калони шохдор, парандаҳо ва синфи ширхорҳо ба вуҷуд меоранд. Роҳҳои гузариши бемори – ин ба воситаи хавоги қатрагӣ буда ҳангоми атса ва сулфа задан, аз як одам ба одами дигар мегузарад, ба воситаи узвҳои ҳозима бошад ҳангоми истеъмоли маводи хурокаи сироятёфта мебошанд. Дигар роҳҳо низ инкор карда намешаванд, зеро бемори то ба охир омухта нашудааст.

Масъуният баъд аз гузаронидани бемори қави нест ва шахс метавонад аз сари нав бемор гардад. Давраи ниҳонии бемори – аз ворид шудани вирус то пайдо шудани нишонаҳои аввалини бемори то 14 рузро дар бар мегирад. Коронавирусҳо дар одамон бемориҳои сироятии варами бронхҳо ва шушҳо, инчунин дарунрави бо қайкуниро ба вуҷуд меоранд. Сабаби марги одамон дар бисёр ҳолатҳо варами шуш ва оризаи он норасоии шадиди роҳҳои нафаскашӣ мебошанд. Вирусҳо бисёр қави буда дар об то 9 шабонарӯз зинда мемонанд, ҳангоми ҷушонидан ва коркард бо маҳлули спирти 96% тез маҳв мегарданд. Ҳангоми гуфтугу, атса ва сулфа задан дар масофаи1–1,5 метр аз як шахс ба шахси дигар мегузарад.

Коронавирусҳо дар болои миз, либосҳо то 8–9 соат қобилияти сирояткунии худро нигоҳ медоранд. Нишонаҳои беморӣ: Дарди сар, обрави аз бинӣ, сулфаи хушк, дард дар қафаси сина, табларза, ҳароратбаландӣ, зиёдшавии кори дил, нафастангӣ, варами шушҳо мебошанд. Ҳангоми сироятёби бо маводи ғизои нишонаҳои бемории коронавируси ин қайкуни, шикамравӣ ва бехолӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки бемории коронавирус ҳангоми авҷгири ҳолати беморро вазнин гардонида одамони солхурда, тифлон ва шахсони масъунияташон суст бударо дар муддати кутоҳ маҳв месозад.

Роҳҳои пешгирии беморӣ: Аз сафар ба давлатҳои сироятдор худдори намоед, аз ниқобҳои яккаратаи тиббӣ истифода баред, тез–тез дастхоро бо собун шуед, хангоми атса ва сулфа задан даҳону биниро бо рӯймолча ё оринҷи дастро қат карда пушонед, маҳсулотҳои гуштиро дуруст пухта баъд истеъмол намоед, бо шахси гирифтори нишонахои зуком бо даст салом накунед ва набусед. Хангоми баланд шудани харорати бадан ва пайдо шудани нишонахои сирояти шадиди роххои нафас ва нишонахои бемории дарунрави ба худтабобаткуни роҳ надода фавран ба духтур мурочиат намоед.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон бемор ба қайд гирифта нашудааст. Вазъият дар кишвар таҳти назорати доими ва қатъӣ гирифта шудааст. Овозаҳое, ки дар сомонаҳои интернети паҳн гашта истодаанд асос надоранд. Аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки ба таҳлука наафтанд ва ба овозаҳои бардуруғ бовар накунанд. СОЛИМИИ ҶОМЕА ВОБАСТАГИИ БУЗУРГ БА ХУДИ ИНСОН ДОРАД ! ЭМОМАЛӢ РАҲМОН