Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Иштироки донишҷуёни донишкада дар Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштироки донишҷуёни донишкада дар Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
   13 МАРТ 2020    |         37    |         12
A+ A-

Бо ташабуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", рӯзҳои 12-13-уми марти соли ҷори Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон" аз рӯи самтҳои математика, физика, астрономия, химия, биология, геология, технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Аз Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи ҳамаи самтҳо донишҷӯён ба Олимпиада барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон" сафарбар шуданд. Дар натиҷа донишҷуёни мо сазовори дипломи дараҷаи дуюм ва ҷойҳои ифтихори гардиданд.

  • Мадинаи Қуваталӣ - аз фанни биология сазовори ҷойи 2-юм ва дипломи дараҷаи дуюм гардид;
  • Алиҷони Абдураҳмон - аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид;