Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Табрикот бахшида ба иди баҳор ва ягонагӣ
Табрикот бахшида ба иди баҳор ва ягонагӣ
   04 МАРТ 2020    |         103    |         12
A+ A-

Наврӯз ба маънои рӯзи нав ва рӯзи баробар шудани шабу рӯз дар баҳор аст.  Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҳамчун аввалин рӯзи баҳор яке аз бузургтарин ҷашнҳоест, ки соле як маротиба дар бахши васее аз ҷаҳон, аз Балкан дар Аврупо гирифта то Чини ғарбӣ таҷлил мегардад.  Бо омадани баҳор ва оғози гармӣ пас аз рафтани сардиҳои зимистон, табиат зинда шуда, дубора худро оройиш медиҳад. Наврӯз ин таҷассуми эҳёи табиат, тантанаи ҳаёт, умед ба зиндагӣ ва ҳосили фаровони сол аст.

Тибқи суннати ниёгон, мардуми мо пеш аз фарорасии Наврӯз хонаву кошонаи худро тоза намуда, барои пухтани таомҳо ва шириниҳои хосси наврӯзӣ омода мешаванд. Дар рӯзҳои Наврӯз ба дидори якдигар рафтан ва ҳамдигарро табрик гуфтан басо гуворост. Қадимиён бар ин бовар буданд, ки дар айёми Наврӯз фариштагоне аз осмон барои овардани бахту саодат ва фаровонӣ ба замин фуруд меоянд, вале онҳо ба хонаҳои номуназзаму ифлос ва низ хонаҳое, ки дар онҳо сулҳу дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад, ворид намешаванд. Маҳз аз даруни ҳамин гуна бовару эътиқод муҳимтарин ойини наврӯзӣ - тоза кардани хонаву атроф ва оштикунии душманону бадбинон маншаъ гирифтааст.

Ин иди дӯстдоштанӣ асрҳо боз на танҳо барои мо, балки барои дигар миллатҳо низ хушию шодобӣ ва шукуфоию зебоӣ оварда, оғози мавсими кишту кор ва эҳёи табиат дониста мешавад.

Имрӯзҳо ин ҷашни куҳан ҳамчун рамзи зиндашавии муҳит, ягонагии инсону кайҳон, қосиди таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, муносибати хайрхоҳона миёни қавму миллатҳои гуногун, аз сӯи бисёре аз миллатҳои олам  таҷлил мегардад.

Наврӯз чун таҷассумгари ваҳдати инсону табиат ба раванди таҳкими иттиҳоду дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳову кишварҳо мусоидат мекунад. Соли 2009 ин ид ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО ворид гардид. Бо назардошти он, ки фалсафаи Наврӯз инсониятро ба некию хайрхохӣ, хидмати созанда, таҳаммулпазирӣ ва якдигарфаҳмӣ фаро мехонад, 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон. Қирғизистон, Туркменистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркия, Македония ва Албания Маҷмаи умумии СММ 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз эълон кард. Ба ин тартиб, шуруъ аз соли 2011 иди байналмилалии Наврӯз ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва 21 март рӯзи истироҳат аст.

Тибқи анъана, дастархон ё худ суфраи наврӯзии «Ҳафт син» дорои ҳафт унсурест, ки номашон бо ҳарфи «син» (ҳарфи имрӯзаи «с» дар алифбои ниёгон) оғоз мешавад:  

1. САБЗА - рамзи сар кашидан ва эҳё шудани табиат.

2. СУМАНАК - рамзи фаровонию серҳосилӣ ва ҳаётбахшӣ.

3. СЕБ - рамзи саломатӣ ва зебоӣ.

4. САНҶИД - рамзи ишқу муҳаббат.

5. СИР - рамзи тиб ва тарзи ҳаёти солим.

6. СИПАНД - рамзи дур кардани офату бало ва одатҳои бад.
7. СИРКО – рамзи солмандӣ ва сабру шикебоӣ.

Ин ҳафт унсур аз қадимулайём ҳамчун таҷассумгари ҳафт фаришта-қосиди ҳаёт, эҳё, саломатӣ, хушбахтӣ, комёбӣ, хушрӯзӣ, таҳаммул ва зебоӣ шинохта мешаванд.

Орзуманди онем, ки Наврӯзи имсола ба мардуми куҳанбунёди Тоҷикистон дар амалисозии нақшаву барномаҳои бунёдкорона нерӯи тоза бахшида, ба ҳар як сокини ин сарзамин комёбиҳои нав биёрад.