Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Модарону хоҳарон ва бонувони гиромӣ! Фарзандони азиз!
Модарону хоҳарон ва бонувони гиромӣ!  Фарзандони азиз!
   07 МАРТ 2018    |         431    |         12
A+ A-

         Дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат бо як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ ҳамаи шуморо бо ифтихори Рӯзи Модар табрик мегуям.

         Зан – Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷахонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ руҳи тоза мебахшад.

         Барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ дар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.

         Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ  мекунад.

         Имрӯз модари тоҷик ифтихор аз он дорад, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулфазли Балъамӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Камолиддини Беҳзод, Аҳмади Дониш,Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон  барин садҳо фарзандони  фарзона ва  номбардорони  миллати  худро ба дунё  оварда, дар домани муҳаббати поки худ парварида, барои хизмати башарият додааст.

         Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхори ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонад.

         Интишори фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад.

         Квотаи Президентӣ – аз ҷумлаи ғамҳориҳои дигари Роҳбари давлат нисбати занону духтарони мо мебошад, аз соли 1997 инҷониб зиёда 50 нафар ҷавондухтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ДТМИК тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, Қисмати зиёди онҳо имрӯз дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

         Модар гаҳворабони забони адабӣ аст. Бинобар ин, бояд ҳар як зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ҳамчунин ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хоса диҳанд.

         Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро бо ифтихори Рӯзи Модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру софу, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.