Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
   06 ДЕКАБР 2017    |         522    |         12
A+ A-

Оиди иҷроиши дастури Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили  сазовори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  барои таҷлили  сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Донишкада, Департаменти тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ, Шуъбаи кор бо ҷавонон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» мувофиқи нақша чорабиниҳои Донишкада як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонид.

Аз ҷумла:

Аз санаи 15 ноябр то 24 ноябри соли 2017 якчанд мусобиқаҳои варзишӣ: Футболи хурд, Шоҳмот, Тениси рӯи миз, бо афрохтани Парчами миллӣ, дар байни Факултетҳои Донишкада гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ДТМИК дар рӯзи таҷлили Парчами миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз санаи 20 ноябр то 24 ноябр соли 2017 Озмуни таронаи  беҳтарин дар мавзуи «Парчами миллӣ», «Ватан», «Тоҷикистон», «Пешвои миллат», гузаронида шуда  иштирокчиёни озмун ба тӯҳфаҳо қадрдонӣ  гардиданд.

Аз санаи 22 ноябр то 24 ноябр соли 2017  дар факутетҳои Донишкада Конференсияҳои илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Парчами мо – рамзи ифтихори миллӣ» дар факултети Муштараки тоҷикӣ-россиягӣ ва «Технологияҳои дурнамои илмиасос», «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз» дар факултети Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ», «Парчам рамзи давлатдорист» дар факултети «Муҳандисӣ - Энергетикӣ», гузаронида шуд.

Дарсҳои  тарбиявӣ дар гурӯҳҳои таълимии Донишкада таҳти роҳбарии омӯзгорон дар давоми ҳафта гузаронида шуда дар дафтари қайди гурӯҳ сабт шуданд.

Дар санаи 24 ноябр дар бинои хобгоҳи ДТМИК дар байни донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони « Парчам пайвандгари имрузу фардо» бо иштироки ҷонишини директор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ, Раиси Шуъбаи кор бо ҷавонон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо намоиши филми мустанад  баргузор гардид.

Дар санаи 23 ноябр дар толори фарҳангии  ДТМИК Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони Парчам пайвандгари имрузу фардо, ишорае ба ормонҳои миллӣ» бо иштироки: мудири шуъбаи рушди иҷтимои Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатии  ш. Кӯлоб  Насриддинзода  Рамазон, мудири бахши кор  бо ҷавонон ва  варзиши  ш. Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин, раиси Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул  ва ҳайати олимон, омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни Донишкада гузаронида шуд.

Конференсияро Ҷонишини директор оид ба таълим Садулоев М. оғоз бахшида иштирокчиёни Конференсияро аз номи раёсати Донишкада ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда мувафақиятҳоро дар ҷодаи корашон орзӯ намуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатии  ш. Кӯлоб Насриддинзода  Рамазон аз номи раиси Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатии  ш. Кӯлоб тамоми иштирокчиёнро бо 25 солагии Парчами миллӣ табрик намуда қайд намуданд, ки Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик  мебошад. Раиси Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул ба сухан баромада ҳамаи иштирокчиёни Конференсияро ба Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда ба иштирокчиён сарбаландиву сарсабзӣ тамано намуданд.

Ҳамчунин  баромад карданд;

- номзади илмҳои педагогӣ, профессор Иброҳимов Гурез дар мавзӯи «Парчами миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

-  номзади илмҳои психолгӣ дотсент, Мирзоев Раҳмонхуҷа дар мавзӯи « Парчам рамзи давлатдорист»,

- муаллими калони кафедраи «фанҳои Гуманитарӣ» Шоинов Ҳасан дар мавзӯи « Дирафши Коваю Каёни Сосонӣ»,

- ассисенти кафедраи «Забонҳо ва ҳуқуқ» Сабурова Ҳилолбӣ дар мавзӯи «Низомномаи Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

- раиси шуъбаи кор бо ҷавонон Рустам Шарипов дар мавзӯи «Аз таърихи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

- донишҷӯ Тураев Қубод дар мавзӯи «Аз ҳикмати рангҳои Парчамӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

Инчунин донишҷӯёни Донишкада шеърҳо дар мавзӯи Парчам қироат карданд.

Аз тарафи дастаи «Нури Ваҳдат»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инновасионӣ дар шаҳри Кӯлоб хотири ҳамагонро ба чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон Парчамбардори ин Ватанем»  шод намуданд.  Конференсия дар фазои ситоиши ватандорӣ ва  эҳтиромгузорӣ ба Муқадасотҳои миллӣ , ба таърихи миллати тоҷик ба анҷом расид.

Ø Дар санаи 24 ноябри соли Раёсати Донишкада бо 100 нафар донишҷӯёни фаъол ва 20 нафар парчамбардорони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Донишкада дар  қасри Фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар ҷаласаи тантанавии Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатии  ш. Кӯлоб  иштирок  намуданд.