Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Оиди гузаронидани вохурии занон ва донишҷӯдухтарони донишкада
Оиди гузаронидани вохурии занон ва донишҷӯдухтарони донишкада
   06 ДЕКАБР 2017    |         554    |         12
A+ A-

Оиди гузаронидани вохурии занон ва донишҷӯдухтарони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиони дар ш. Кӯлоб бо раёсати Донишкада ва кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи  назди Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи « Пешгирии бегонапарастӣ дар байни занон ва духтарони тоҷиқ, эҳё намудани фарҳанги либоси миллӣ».

Мувофиқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва раёсати Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ         дар ш. Кӯлоб дар санаи 23-юми сентябри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи донишкада вохурии  занон ва донишҷӯдухтарони Донишкада  бо ҷонишини сардори шуъбаи кор бо занон ва оила назди Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Ҳакимова Фарзона ва нозири шуъба Ҳакимова Фарзона баргузор гардид.

Дар ин вохури масъалаҳои зерин дида баромада шуданд:

- иҷроиш ва тарѓиботи  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ДТМИК,

- омилҳои бегонапарастӣ дар байни занон ва духтарони тоҷик,

- ташкили чорабиниҳо оиди  пешгирии бегонапарастӣ дар байни занон ва духтарони донишкада ,

Оиди ҳалли масъалаҳои номбурда дар назди ҳозирин директори донишкада, номзади илмҳои филология, дотсент А.М. Ниёзи, ҷонишини сардори шуъбаи кор бо занон ва оила назди Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Ҳакимова Фарзона, муовини директори ДТМИК оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ Шоев А.Н., муовини директори ДТМИК оид ба тарбия, тарѓибот ва масоили иҷтимоӣ Умарова М.С., раиси Шурои занон ва духтарони донишкада Шарипова Г.  суханрони  намуда,  занон ва духтаронро ба баланд бардоштани фарҳанги миллии тоҷик ва нест кардани омилҳои бегонапарасти ҳидоят намуданд.