Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Умри миллат ба умри забон вобаста аст
Умри миллат ба умри забон вобаста аст
   06 ДЕКАБР 2017    |         753    |         12
A+ A-

Мутобиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон аз  7 августи соли 2017, № 09/2 – 223  оиди баргузории чорабиниӽо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таӽти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст»  дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаӽри Кӯлоб чорабиниӽои зерин  гузаронида шуд:

-  тартиб додани нақша чорабиниӽои Департаменти тарбия, тарѓибот ва масоили иҷтимоӣ  бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон таӽти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст»,

- ташкили ва гузаронидани шанбегӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон дар ӽар як факултаи донишкада,

- қироати шеър  бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар   факултахо ва  маӽфилӽои кафедраӽои донишкада,

-  ташкили иштироки донишҷӯёни болаёқат бо намоиши дастовардӽо ва лоиӽаӽои иннавтсионии донишҷӯёни донишкада дар чорабинии шаӽрӣ дар толори бинои Қасри фарӽанги шаӽри Кӯлоб,

- нашри овезаӽо бахшида ба Рӯзи забон ва Қонуни Забони давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон,

Ӽамчунин дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаӽри Кӯлоб  конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи « Нақши забони  тоҷикӣ дар ташаккули маънавии насли имрӯза» бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи «Забони давлатӣ ва ӽуқуқ» ва адибони донишкада  дар толори маҷлисгоӽи донишкада гузаронида шуд. Дар конференсия донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-400102  Ашурова Шаӽло бо маърӯзаи «Моӽият ва табиати забон», донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-260102 Олимов Меӽриддин  бо  маърӯзаи «Перомуни арзиши сухан ва забон» ва омӯзгорони кафедраи «Забонӽо ва ӽуқуқ»  номзади  илмӽои педагоги Мирзоев Р., номзади илмӽои ӽуқуқ Ӽасанов Ш., саромӯзгор  Шоинов Ӽ.,  ассистент  Набиев Б. ва дигарон оиди   мақом ва моӽияти забони давлатӣ ва волояти Қонуни Забон суханрони намуданд.