Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Иҷлосияи тақдирсозӣ XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолати таърихии он
Иҷлосияи тақдирсозӣ XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолати таърихии он
   06 ДЕКАБР 2017    |         572    |         12
A+ A-

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои рангине, ки ба сарнавишти ҳаётии халқу давлат алоқаманд мебошад, ки  писандидаанд ва ҳеҷ гоҳ аз ёду хотири одамон гум намешаванд.   Иҷлосияи таърихии  XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна воқеаҳои таърихист, ки бо гузашти солҳо аҳамияти қиммату манзалати хешро боз ҳам афзун менамояд.

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  санаи 15 ноябри соли ҷорӣ  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсозӣ XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолати таърихии он»  бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии щаҳри Кӯлоб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа ва шаҳри Кӯлоб ва ҳайати олимон, омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни Донишкада гузаронида шуд.

Дар Конференсияи мазкур аз тарафи маърӯзачиён  қайд гардид, ки  дар ҳамон рӯзҳои тирамоҳи соли 1992 ба воқеаҳои ҳаёти сиёсии кишвар нигоҳ накарда, комиссияи махсуси таъсисшудаи Ҳукумати Тоҷикитсон, ки аз ташаббуси намояндагони Парламент ва  қувваҳои ҷонибдорӣ Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, масъалаи баргӯзории Иҷлосияи  навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯхт.

Дар баромади худ, ҷонишини директор оид ба таълим ва илми Донишкада, номзади илмҳои фалсафа Садуллоев Мадисо чунин иброз кард, ки 16-ноябри соли  1992 дар қасри «Арбоб»   хоҷагии ду карат  Қаҳрамони меҳнати социалистӣ- С.Урунхоҷаеви ш.Хуҷанд, Иҷлосияи навбатии таърихии   XVI-и Шӯрои  Олии  Ҷумхурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. 19-ноябри  соли 1992 Иҷлосияи  XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Искандаровро аз вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намуд  ва бо  роҳи  овоздиҳии пинҳони Раиси комиҷрояи  вилояти Кӯлоб-Эмомалӣ Раҳмони 40-соларо  ба вазифаи Раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.         

        Сабақҳои таърихи  минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи  ба эътидол овардани  Тоҷикистон, ва инкишофи  он дар роҳи демократия ва ҳамқадами  ҷомеаи ҷаҳони гардидан собит месозад, ки дар воқеъ  намояндагони мардумии Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин  бо мақсади  тинҷию оромии кишвар  кори бузургеро анҷом доданд, ки дар интихоби  раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти  бузурги  Тоҷикистонро  ба майдони  сиёсат ва давлати Тоҷикистон  оварданд, ки минбаъд комёбиҳои  ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангии мамлакат бо номи  ӯ зич алоқаманд аст.Дар нахустин  баромади худ  дар Иҷлосияи XVI-ӯми Шӯрои Оли ба ҳайси  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  даъват ба амал оварда  буд, ва  ҷонибҳои  дар сангар  истодаи  кишварро  ба сулҳу оштӣ даъват намуда  қайд  карда буд: «Биёед кинаву адовати байниякдигарии  хешро  ба як тараф  монем,  бародарвор  бо ҳамдигар даст диҳем ва бо меҳнати софдилонаву бунёдкоронаи худ Ватани азизи хешро аз хатари  ҳалокату  порашавӣ наҷот  бахшем ва онро ба давлати  тарақикардаи  соҳибистиқлол  табдил диҳем»

         Ҳамзамон ӯ таъкид карда буд, ки ман ба хотири таъмини  сулҳу  осоиш  ва баргардонидани гурезаҳо  ба Ватан  ҷони худро дареғ намедорам.

        Иҷлосияи таърихии XVI-ӯми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  15-рӯз,  аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 идома ёфт. Дар  кори он  намояндагони  давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, сафири Федерацияи Россия дар Тоҷикистон  ва намояндагони  СММ Р.Соммерейне иштирок доштанд.

         Дар Иҷлосия зиёда аз 30-қарору ҳуҷатҳои  расмӣ  қабул  гардиданд, ки  доир ба эътидол  овардани  Тоҷикистон нақши  ҳалкунанда бозидаанд.

Дар Конференсия ҳамчунин донишҷӯёни Донишкада  Ашурова Шаҳло – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-400102,  дар мавзӯи « Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субботи кишвар»  ва Эрматова Малоҳат – донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-40010202 дар мавзӯи «Эмомалӣ  Раҳмон намунаи ибрат ба ҷавонони Тоҷикистон» сӯханронӣ намуданд.

         Иштирокчиёни Конференсия якдилона ба хулосае омаданд, ки   ҳамаи комёбиҳои мо 25-соли охир  дар маҷмӯъ ба Иҷлосияи XVI-ӯми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, зеро  маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихи  асоси бунёди давлати демократии Тоҷикистон  гузошта шуд ва ҳамчунин  самтҳои  минбаъдаи  ҷараёни  бунёди  давлат  ва мамлакат роҳи  ба эътидол  омадан,сулҳу ваҳдат  ҳамдигарфаҳмӣ ба нақша  гирифта  мешавад. Минбаъд бошад  ҳама саодату комёбиҳои Ватанамон дар роҳи  бунёдкорию созандагӣ  ва амалисозии се ҳадафи  стратегии  кишвар: 1)Баромадан  аз бумбасти комуникационӣ;2) Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ; 3) Таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, бо нишондодҳои  ҳамин  Иҷлосияи  тақдирсоз  алоқаманд мебошад.

         Солҳо  мегузаранд, ёду хотирҳо аз мо  дур мегарданд, вале  нақшу аҳамияти  ин Иҷлосияи тақдирсоз  ҳеҷ гоҳ қиммату  манзалати хешро  гум намекунад ва ҳамчун  рӯзи таърихӣ  дар саҳифаҳои  дурахшони халқу давлати  тоҷикон солҳо боқӣ мемонад.