Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Феҳрист

Раёсати донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаӽри Кӯлоб оиди баргузории Рӯзи Дониши соли таӽсили 2017-2018
Раёсати донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаӽри Кӯлоб оиди баргузории Рӯзи Дониши соли таӽсили 2017-2018
   06 ДЕКАБР 2017    |         562    |         12
A+ A-

Раёсати донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб барои баргузории рӯзи дониш 1 –уми сентябри соли  таӽсили 2017- 2018 чунин чорабиниӽо доир намуданд:

1. Иштироки  фаъолонаи тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёнро таъмин намуда ин рӯзро дар сатӽи баланд гузаронид.  Дар толори маҷлисгоӽи Донишкада  соати 08 00   омӯзгорон, донишҷӯён  ва кормандони донишкада (500 нафар), инчунин  ҷонишини раиси ш. Кӯлоб оид ба корӽои маданӣ, илмӣ ва фарӽангӣ Маҷидова К. А., подполковники ШВКД ш. Кӯлоб Сарахонов Нурулло, кормандони  синамои шаӽри Кӯлоб, падарону модарони донишҷӯён иштирок доштанд.

Ӽозиринро бо сухани ифтитоӽи н.и.ф., дотсент Ниёзи А.М. бо саршавии соли хониши 2017-2018 муборакбод намуда аз таърихи рӯзи дониш суханрони карданд. Баъдан  ӽозиринро  бо раёсати донишкада, деканӽои факултаӽо, мудирони кафедраӽо, сардорони шуъба ва марказӽо, ҷонишини директор Шоев А. Н. шинос намуда оиди  суханрониӽои Асосгузори  ваӽдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон дар рӯзи Дониш, ки  30 августи соли 2017 дар бинои навбунёди Академияи корӽои дохили баргузор гашта буд суханрони карданд.  Инчунин  ҷонишинони директор  Садулоев М.С., Умарова М.С. ва  корманди шоистаи Ҷумӽурии Тоҷикистон, профессор  Иброӽимов Грез дар назди ӽозирон суханрони намуданд.

2. Ӽамчунон дар бинои дуввуми донишкада,  дар ду факулта бо иштироки деканӽои факултаӽо ва омӯзгорони собиқадори донишкада, кормандон, донишҷӯён ва падару модарон, ки 450 нафар иштирокчиро ташкил медод гузаронида шуд.

3. Баъди баргузории  ҷаласаи тантанавӣ донишҷӯёни ӽамаи бахшӽо тибқи ҷадвали дарсӣ ба дарсӽо шуруъ карданд.

4. Раёсати факултаӽо тибқи нақша-чорабиниӽои факултаӽо бо донишҷӯёни курси 1-ум дар синфхонаӽо сӯӽбат доир намуданд. Донишҷӯён бо    таърихи факултаӽо, раёсати факултаӽо, кафедраӽои факултаӽо, омӯзгорон  шиносои пайдо карданд.

5. Донишҷӯёни бахшӽои 2,3 ва 4-ум, тибқи ҷадвали дарсӣ ба машӻулиятӽо фаро гирифта шуданд.

Тамоми биноӽои таълими, даромадгоӽи Донишкада, факултаӽо ва сохторӽо бо шиору овезаӽо бахшида ба Рӯзи Дониш омода карда шуда буд.